Кӯлоб: иммунизатсияи 72,9 %- и кӯдакон бар зидди фалаҷ
Дар минтақаи Кӯлоб рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) идома дошта, дар он тамоми мутахасисони марказҳои марбута сафарбар гардидаанд.
Мувофиқи нақша 188 ҳазору 84 кӯдакони аз синни таваллуд то 5 -сола бояд аз эмкунии зидди бемории фалаҷ гузаронида шаванд. То инҷониб ба 147 ҳазору 434 кӯдак тариқи даҳон ваксина гузаронида шуд, ки 72,9 %-ро дар бар мегирад.
Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур мустаҳкам намудани масъунияти кӯдакони синнашон то 5- сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки барои гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ давоми моҳи майи соли равон ЮНИСЕФ ва СУТ 4,6 миллион вояҳои ваксинаро ба кишвар дастрас намуданд. Дар ин самт волидайн бояд донад, ки барои шахсоне, ки берун аз ҷои истиқомати доимӣ қарор доранд, иммунизатсия метавонад дар ҷои муваққатӣ ҳозирбуда дастрас бошад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ волидайн ва парасторон бояд ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат намоянд. Гуфта мешавад, ки барои гузаронидани ин чорабинӣ дар минтақаи Кӯлоб 504 марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъол буда, кӯдаконро ба ваксина таъмин менамоянд. Айни замон марказҳои иммунизатсияи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дорои шароити хуб буда, кӯдакон таҳти назорати қатъӣ мебошанд.