Ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир гардид

 Масъалаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, бахусус дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба хизмати тиббӣ 9 декабр зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати​ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар кори Шӯро муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони вазорату идора ва кумитаҳои ​ мамлакат доир ба амалишавии масъалаҳои мазкур изҳори андеша намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 «Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» ва «Тасдиқи нақшаи кори Шӯрои​ миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE