Ба диққати муҳоҷироне, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд

То 30 майи соли равон ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 17804 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 17118  нафар шифоҳӣ, 40 нафар  муроҷиати  хаттӣ ва 646 нафари онҳо тавассути телефони боварӣ муроҷиат намудаанд. Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия, зиёда аз панҷ ҳазор нафар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ворид гардида буданд,  аз сафари бебарор баргардонида шуданд.

Асосан муроҷиаткунандагон оид ба  масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Федератсияи Россия, қонунгузории  кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент дар Федератсияи Россия, барқарор намудани  ҳуҷҷатҳои  гумшуда, кумаку ёрӣ расонидан барои ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат менамоянд.

Ҳамзамон, Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати таъсиси ҷойҳои кории нав ва дар ин замина паст намудани шиддати муҳоҷирати мехнатӣ ба хориҷа, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз маҳсуб меёбад, ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба роҳ монда, масъалаи мазкурро таҳти назорати доимии худ қарор додааст.

Мавриди зикр аст, ки зимни додани иҷозатномаи фаъолият барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба масъалаи таъсиси ҷойҳои кории нав ва бокортаъминкунии шаҳрвандони кишварамон дар ин субъектҳои хоҷагидор афзалият дода мешавад. Бо ин мақсад дар соли 2020 ширкатҳое, ки мутахассисони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудаанд, дар баробари онҳо 34 528 нафар ва дар панҷ моҳи соли 2021 бошад 12 670 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро  бо ҷои кор таъмин намудаанд.

Ногуфта намонад, ки дар ин муддат аз ҷониби кормандони масъули раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолии  ВМКБ, вилоятҳои Суғду   Хатлон,    шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва  шаҳри Душанбе  1585 вохӯрӣ ва суҳбатҳо  гузарониданд.  Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама  фаҳмонидани фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19» мебошад.

Боиси зикр аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳияҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муроҷиат намуданд, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия тамдид намоянд. Тибқи фармони мазкур, агар шаҳрвандони ҷумҳурӣ буду боши худро дар​ Федератсияи Россия​ то 30 июни соли​ равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия мань аст, шомил мешаванд.

Хадамоти муҳоҷират бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки барои муайян ва огоҳ намудани онҳо ҷиҳати расмикунонии буду бош дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муроҷиат намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE