Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид мешавад, омодагиҳо оғоз шуданд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳияи санадро барои ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил кардани мамнӯъгоҳи табиии «Бешаи палангон» шурӯъ кардааст.

Мақоми мавзеи мероси ҷаҳонӣ барои дарёфти як зумра  имтиёзҳо ҳам дар самти муҳофизати табиат ва ҳам дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи мамнӯъгоҳ мусоидат мекунад. Инҳо, пеш аз ҳама баланд шудани эътибор, афзалиятнокӣ барои ҷалби маблағҳо, рушд додани шаклҳои алтернативии истифодабарӣ, масалан туризми экологӣ ва боз бисёр чизҳои дигар мебошанд.

«Бешаи палангон» мамнӯъгоҳи нодири сайёра  аст, ки дар ҳудуди се ноҳия — Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ аст. Дар соли 1938 ба он мақоми мамнӯъгоҳ дода шудааст. Масоҳати мамнӯъгоҳ тақрибан 50 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Мамнӯъгоҳ ягона гӯшаи Замин аст, ки дар он маҷмааи тӯғайзори биёбонӣ боқӣ мондааст.

Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» — яке аз ҷойҳои дидании Тоҷикистон — ба асари тағйирёбии иқлим зарар дидааст. Дар сурати ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани мамнӯъгоҳ, умедворем  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард, ки   ин имкон медиҳад  мавзеи мазкур  ба шароити навӣ табиӣ мутобиқ гардад.

«Бешаи палангон» ҳамчун мамнӯъгоҳ имкон медиҳад, ки на танҳо табиат дар шакли ибтидоии он ҳифз карда шавад, балки  ҳамзамон  заминаи гузаронидани таҳқиқоти илмиро мусоид мегардонад. Дар ин ҷо конфронсҳои илмӣ доир мешуданд, олимон рисолаҳо дифоъ мекарданд, маърӯзаҳо, монографияҳо, мақолаҳо навишта мешуданд. Аз баракати саъю кӯшишҳои онҳо мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар хориҷи минтақа ҳам  машҳур гардидааст.

Мақоми мероси ҷаҳонии табиӣ метавонад онро дар сафи маъруфтарин минтақаҳои муҳофизатшавандаи ҷаҳон бигузорад ва барои рушди таҳқиқоти экологӣ дар Тоҷикистон такони нав бахшад. Олимон чунин мешуморанд, ки «Бешаи палангон» охирин захирагоҳи бузурги сайёра  бо наботот ва ҳайвоноти нодири тӯғайзорҳо мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE