Панҷакенту Самарқанд тавассути роҳи оҳан бо ҳам мепайванданд

Лоиҳаи сохтани қитъаи роҳи оҳани «Панҷакент (Тоҷикистон) — истгоҳи Булунгур / истгоҳи Ҷамбай / истгоҳи Фабрика (Ӯзбекистон)» зимни мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамат Мӯъминов муҳокима шудааст, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар мулоқот инчунин лоиҳаи созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар «Дар бораи транзити молҳои хатарнок аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон» баррасӣ шудааст.

Илова бар ин, ҷонибҳо имконоти барқарор кардани робитаи ҳавоӣ байни ду кишварро бо риояи талаботи зидди эпидемиологӣ, инчунин барқарорсозии ҳамлу нақли борҳоро тавассути қитъаи роҳи оҳани «Бекобод-Истиқлол-Бекобод» ва ҳамлу нақли автомобилии борҳоро аз тариқи нуқтаи назоратӣ — гузаргоҳии «Патар-Андархон» баррасӣ карданд.

Дар фарҷоми мулоқот оид ба масъалаҳои баррасишуда  ҷонибҳо протоколи дахлдорро имзо карданд, -зикр  мекунад Вазорати нақлиёт.

Ёдовар мешавем, ки 10-12 июни соли равон сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор мешавад. Оид ба натиҷаҳои сафар ҷонибҳо як зумра  асноди нави бунёдиро барои ҳамкории минбаъда имзо хоҳанд кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE