Рӯнамоии китоби «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯномоии се асари адибони маъруфи кишвар Ато Ҳамдам ва шодравон Леонид Чигрин бо номҳои «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» («Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»), «Буюк ипак йўлӣ» («Шоҳроҳи Абрешим»), «Икки Пешво жасорати» («Корномаи ду Пешво») баргузор  гардид. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистьон хабар доданд.

Дар ин ҳамоиш адибони тоҷик, меҳмонон аз ҷумҳурии ҳамсоя, намояндаҳои сафорати Ҷумҳури Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои фарҳангии Душанбе  ширкат намуданд.

Бояд зикр намуд, ки ин иқдом бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат  гирифт.

Китоби мазкурро яке аз нависандагон ва тарҷумонҳои ӯзбекзабони кишвар, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Омонбой Жуманов тарҷума кардааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE