Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд

17 ноябр дар Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС) дар доираи Фестивали театрии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «ГИТИС-мастер-класс» спектакли «Заҳҳок» аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Дар намоиш ректори Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС), доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Намоиши театрии «Заҳҳок» аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зери роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов ба саҳна гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки Абулқосим Фирдавсӣ Заҳҳокро ҳамчун шахси золим   ва рамзи қувваи бадӣ ба қалам додааст. Дар образи халқ қувваи бузургу мағлубнопазирро инъикос намудааст. Абулқосим Фирдавсӣ дар нақши  Кова шахси бузургу тавоноро тасвир кардааст.

Меҳмонони намоиш ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷикон шиносоии бештар пайдо карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE