Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи (ноҳия)-и Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод Маркази матбуотии Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуданд.

Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки   инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

Вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати  “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE