Ню-Йорк: Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва СММ

28 июн Намояндаи доимии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) ҷаноби Лю Женмин дар шакли маҷозӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корњои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, татбиқи қатъномаи «Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Ню-Йорк, 2023) ва таъсири ҳамагирии Ковид -19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарафҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкории самарабахш баён карданд.

Ҳамчунин 29 июн мулоқоти арзи адаби Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Розмари Ди Карло доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди вазъияти амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вежа Афғонистон мубодилаи афкор намуанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE