Душанбе: даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» доир гардид

Шоми дирӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони «800-солагии Москва»-и пойтахт даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» доир гардид, ки дар шаш бахши он — либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ, либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон, бонувон ва ҷавонону мардон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ) ва либосҳои арӯсии миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ғолибону иштиркочиёни фаъоли Фестивал бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Дар даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Фестивалро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «либоспӯшии тоҷикон аз қадимулайём аз дигар халқҳо бо тарзи дӯхт, нақшу нигор ва истифодаи он ба куллӣ тафовут дорад ва як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад. Либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, шахс бо намуди зоҳирӣ ва маданияти либоспӯшӣ мавқеи худро дар ҷамъият нишон медиҳад ва бо ин роҳ метавонад дар миёни атрофиён соҳибэҳтиром гардад».

«Фестивали «Ҷилваи рангҳо» ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, бонувон ва мардон, ҳамчунин риояи тарзи пӯшидани онҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст», — афзуд Мавсума Муинӣ.

Дар даври шаҳрии фестивали «Ҷилваи рангҳо» духтарону бонувони касбу кори гуногун, ҷавонон ва кӯдакони хушиқболи пойтахт иштирок карда, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси миллӣ ва муосирро вобаста ба касбу кор, ороишоти миллӣ бо рақсу суруд пешкаши ҳозирин намуданд. Ҷашнвораи либоси миллӣ ва муосир ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ташкил гардида, ҳунари волои халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ таҷассум месозад.

Мавриди зикр аст, ки баргузории Фестивали «Ҷилваи рангҳо» анъана ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро эҳё намуда, иштирокчиёни он — тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва дигар хоҳишмандони ин касб, ҳунари волои худро ба алоқамандону дӯстдорони либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ карданд.

Ҳадафи асосии Фестивали мазкур ҳар чӣ бештар тарғиб кардани либосҳои миллӣ ва муосири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъҳои ватанӣ вобаста ба фаслҳои сол мусоидат менамояд.

Дар доираи ин ҷашнвораи фарҳангӣ чорабиниҳои зайл, аз қабили дӯхтани либосҳо бо тарзу усулҳои хоси маҳал, ривоҷу равнақи истеҳсоли либосҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир, густариши фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду инкишофи корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолии либосҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъсис ва рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, арҷ гузоштан ба меҳнати ҳунармандон, тарроҳон ва эҷодкорон, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ҳунармандон, тарроҳон, дӯзандагон, эҷодкорон, рассомон, қаламкашону наққошон баргузор гардиданд.

Аксҳо аз АМИТ “Ховар”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE