Убайдулло Раҷабов, собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радио даргузашт
Чанд лаҳза пеш қалби нозуки коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1998) Убайдулло Раҷабов аз таппидан бозмонд.
Марҳум 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) аст. Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина» буд.
Ҳамзамон, аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ аст.
Соли 1987 барои ансамбли «Дӯстӣ» -и колхози ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир дар асоси расму ойинҳои халқи тоҷик бо номи «Ашаглон» сенария таълиф намуд, ки соли 1987 дар Фестивал-конкурси байналмилалии ансамблҳои фолклориву этнографии кӯҳсор дар Полша ҷойи аввал ва ҷоизаи «Табари тило»-ро дарёфт намуд. Ҳамчунин муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар шаҳри Маскав ва барномаи театришудаи ҷашни Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзи Тоҷикистон» буд.
Соли 1997 роҳбари бадеӣ, таҳиягари дастаи ҳунарии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар Фестивал-озмуни байналмилалии ансамблҳои наврасон дар шаҳри Клангенфурти Австрия сазовори ҷойи аввал ва соҳиби «Ҷоми тилоӣ» гардиданд. Бо орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи Президент, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.