Аз 3 то 6 июл ҳарорати ҳаво боло рафта, эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст

 Аз 3 то 6 июли соли равон дар мамлакат ҳарорати ҳаво боло рафта, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд.

Инчунин ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 3-7 июл бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Вахш пешгӯӣ мешавад.

Дар ин замина Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат даъват менамояд, ки дар ин рӯзҳо чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, селпарто ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза намоянд. Ҳамчунин аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш  карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш  кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE