Эътимодномаи намояндаи доимии Тоҷикистон ба Дабири кулли СММ

Дирӯз Намояндаи доимии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат эътимодномаи худро ба Дабири кулли Созмон Антониу Гутерреш супорид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» ва эълон намудани 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи масъалаҳои амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вежа Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE