Прокуратураи генералӣ: Фурқат Абдуфаттоев дар Россия аз ҳабс озод карда шуд
Дар асоси дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 июл бо қарори Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоев Фурқат Абдуфаттоевич аз ҳабс озод карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, 2 феврали соли 2021 дар ҳудуди деҳаи Мраковои ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоев Фурқат Абдуфаттоевич, 13.10.1976 соли таваллудаш барои ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди минтақаи наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд.
«Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, 11 ва 13 феврали соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархости асоснок ирсол намуда, аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоев Ф.А.- ро хоҳиш намуд», — илова намуд манбаъ.
6 июл бо қарори Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистон чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан нисбати Абдуфаттоев Ф.А. тағйир дода шуда, охирон аз ҳабс озод карда шуд.