ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН

Имрӯз дар доираи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, Раҳматуллозода Ш. И. аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Файзуллозода Нусратулло Қудратулло аз вазифаи сардори хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумита озод карда шуда, Умарзода Улуғбек Хуҷа муовини якуми раис, Файзуллозода Нусратулло Қудратулло ва Каримзода Абдураҳмон Раҳим муовинони раис таъин гардиданд.

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 1 феврали соли 2021, №9

ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва

сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъин намудани Умарзода У. Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Умарзода Улуғбек Хуҷа муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 1 феврали соли 2021, №10

ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва

сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъин намудани Файзуллозода Н. Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Файзуллозода Нусратулло Қудратулло муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 1 феврали соли 2021, №11

ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва

сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъин намудани Каримзода А. Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Каримзода Абдураҳмон Раҳим муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 1 феврали соли 2021, №12

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи мовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳматуллозода Ш. И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодулло аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 1 феврали соли 2021, №13

ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Файзуллозода Н. Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Файзуллозода Нусратулло Қудратулло аз вазифаи сардори хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE