Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

17-18 июли соли равон 345 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо чор ҳазор ҳайвонҳои хоҷагӣ ва воситаи нақлиёт, ки 13-14 июли соли ҷорӣ тавассути хати сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буданд, ба минтақаи зисти доимиашон, вулусволии Вахони вилояти Бадахшони ҶИА баргардонида шуданд. Интиқоли онҳо баъд аз он, ки масъалаи таъмини амнияти шахсии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолат дода шуд, ба воситаи минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.

Дар давраи будубоши гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ноҳияи Мурғоб, дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, онҳо аз тарафи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ, сару либос ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда шуданд.

Вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE