Тӯҳфаи Пешвои миллат китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Ашт расид
17 июл туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба ҳар оилаи ноҳия Ашти вилояти Суғд тақдим гардид. Сокинони ноҳия пас аз дастрас намудани китоби мазкур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми чунин амали ватандӯстона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин туҳфаи гаронарзиши Сарвари давлатро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бо роҳбарии муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, сардори Раёсати идоракунии буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Ашӯриён, сардори Раёсати коркарди маълумотҳои МД МКҲ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикриё Ҳомидов, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Шарифзода, Хайрулло Кабиров ва Абдуразоқ Ҷӯраев ба мардуми сарбаланди ноҳия супориданд.
Ҳайати меҳмононро муовини Раиси ноҳия оид ба масьалаҳои иҷтимоӣ — фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ Абдуллозода ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат моҳи декабри соли 2019 дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намоянд.