Душанбе: Қатъи муваққатии оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооти «Силсиланеругоҳҳои барқи обии Варзоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу  корези Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 01:00-и 23 июл то соати 00:00-и 24 июли соли 2021 қатъ мегардад.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Сино – дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз», кӯчаи Варзишгарон, ноҳияи Исмоили Сомонӣ — хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Самад Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Шевченко, Шероз, Саид Носир, Шотемур, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулло Командир, Маҳмадулло Холов, Лоиқ Шералӣ, Ғанӣ Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Лев Толстой, Мирсаид Миршакар, Ҳофизи Шерозӣ, Пушкин, Теҳрон, инчунин дар маҳаллаҳои  10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор, кӯчаи Бобо Ҳамдам, Бунгоҳи гармитақсимкунии-2 дар маҳаллаи 83;

Инчунин аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Исомиддин  Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қурбон Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, Умари Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пӯлод Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Умари  Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ), инчунин Боғи Садриддин Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Бунгоҳи гармитақсимкунии-1 дар кӯчаи Саид Носиров, шаҳрчаи тандурустӣ;

Дар ноҳияи Шоҳмансур — маҳаллаҳои Нисор Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1, 2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Аҳмади  Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва Садриддин Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

Дар ноҳияи Фирдавсӣ — кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Неъмат Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар ин давра бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои мазкурро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE