Оқибатҳои мусбат ва манфии истифодаи телефони мобилӣ

Рӯз то рӯз техника ва технологияи муосир тараққӣ карда зинаҳои рушдро аз  сар мегузаронад. Ин дар байни олимони соҳа ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ карда мешавад ва ҳар яки моро мебояд, ки тарзи дурусти истифодабарии ин дастовардҳои технологӣ, махсусан телефонҳои мобилиро донем. Дар ҷомеаи мо аксаран телефонҳои мобилиро барои амалиётҳои гуногун истифода мебаранд. Аз муоширати тарафайн то истифодаи интернету пахши маводҳои визуаливу аудиовизуалӣ ва амсоли ин. Яъне, иддае аз манфиату тарафи дигар аз зарари он мегӯянд.

Ба андешаи равоншинос Муҳаббат Имомназарова ҳангоми аз меъёр зиёд гуфтугӯ кардан бо телфонҳои мобилӣ инсон ба бемории ношунавоӣ, асабоният ва ҳатто ба бемории саратони сар гирифтор хоҳад гашт. “Илми тиб исбот кардааст, кителфонҳои мобилӣ ҳангоми бо касе дар тамос шудан, дар даруни нақлиёт истифода бурдан ва ҳангоми хоб дар назди шахс будан таъсиру зарараш даҳчанд мегардад. Ҳарчанд дар ҷомеи мо аз зарару таъсири телефони мобилӣ зиёд медонанду огаҳанд, вале боз ба тарзи нодуруст истифода мебаранд, ки дар натиҷа ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад”, – мегӯяд равоншинос.

Таъсири телфонҳои мобилӣ ба кудакони то синни 15 сола ва занҳои ҳомила бештар мерасад. Ин давра марҳилаи ташаккулёбии кудак буда ҳамаи он аксуалмале ки тавассути телефон сурат мегирад ба организми кудак зарари манфӣ мерасад. Мушкилоти телефони мобилӣ ва бе манфиат истифода бурдани он рӯз ба рӯз ҷиддитар мегардад ва домони густурдаеро фаро мегирад. Дар ин роҳ моро лозим, аст ки дар якҷоягӣ амал намуда баҳри бартараф намудани ин мушкилот саъю талоши хешро гузорем. Дар сурати ҳал намудани ин мушкилот мо метавонем аз хавфи сар задани чанде аз бемориҳо ҷилавгирӣ намоем ва ҳам барои пойдории миллат нақш гузорем.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE