ММТ: Имшаб озмуни тақсимоти асосӣ эълон карда мешавад

Шаби 24 ва субҳи 25 июли соли равон натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021 эълон карда шуда, тариқи смс пайёмак ба ҳар як рақами телефони довталаб ирсол мегардад.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ меёбад, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридан: қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) аз ҳамаи субтестҳои қисми А,  аз ҳамаи субтестҳои қисми қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), ду субтести аввали қисми А ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В ва   — қисмҳои А ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб гардиданд, ба яке аз комбинатсияи ихтисоси интихобнамудааш роҳ меёбад.

Мавсуф иброз намуд, ки  маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода мешавад.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд.

Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.

Ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи Марказро хонанд. Инчунин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида рӯзҳои наздик дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE