Суҳбати телефонии Расулзода бо Аскар Мамин
Имрӯз, 24 июл бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон гуфтугӯи телефонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусоҳибон масъалаҳои мубрами дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи созишномаҳои дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 19-20 майи соли 2021 бадастомада зоҳир карда шуд.
Бо назардошти хушксолии шадиди имсол дар минтақа мушоҳидашаванда, ҷониби Тоҷикистон бар асоси принсипҳои дастгирии мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек тасмим гирифт, ки барои эҳтиёҷоти обёрии Қазоқистон аз обанбори «Баҳри Тоҷик» ба андозаи 50 метри мукааб об дар сония иловатан зиёд кунад.