Шуғнон: Парчами давлатӣ бо баландии 32 метр сохта мешавад
Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони Парчами давлатӣ бо баландии 32 метр ҷараён дошта, дар назар аст, ки соли 2022 мавриди истифода қарор дода шавад.
Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои қасри фарҳанг сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароит фароҳам оварда мешавад. Сутунпояи Парчами давлатӣ 32 метр баландӣ дошта, он чун рамзи соҳибистиқлолии мамлакат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад. Корҳои сохтмони майдони Парчами давлатӣ соли равон оғоз гардида, мутобиқи нақша он соли 2022 мавриди истифода қарор дода мешавад. Арзишии лоиҳавии сохтмон зиёда аз 1,2 млн сомониро ташкил медиҳад.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аз мавзеи барои бунёди майдони Парчами давлатӣ ҷудогардида дидан намуда, ба бинокорон супориш дод, ки ба бунёди рамзи муқаддаси миллӣ муносибати ҷиддӣ намуда, то муҳлати муайянгардида иншооти мазккуро бо сифати баланд ба истифода пешниҳод намоянд.