Нишастҳои матбуотии 28 июл

28 июл Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Фирдавсӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 дар Агентии мазкур баргузор мешавад. Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 10:00 дар вазорати мазкур нишасти матбуотӣ баргузор менамояд. Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 11:00 дар кумитаи мазкур баргузор мешавад. Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соати 13:30 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ошёнаи 3 доир мегардад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 15:00 дар бинои Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе (кӯчаи Мирзо Турсунзода 27А) нишасти матбуотӣ баргузор менамояд. Нишасти матбуотии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE