Шири модар – кафолати солимии кӯдак

Норасоии ғизо, аз ҷумла синамаконии номуносиб, ҳар сол сабаби 45% ҳолатҳои марги кӯдакони то 5-сола мешавад. Ҳар сол даҳаи якуми моҳи август бо мақсади беҳтар намудани сиҳатии кӯдакон дар саросари ҷаҳон даҳаи дастгирии синамакконӣ баргузор мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чорабинӣ аз соли 2001 роҳандозӣ гардидааст. Имсол он давоми як ҳафтаи аввали моҳи август дар кишвар идома хоҳад кард.

Саломатии кӯдак қабл аз ҳама ба ғизои дурусти ӯ вобастагии зиёд дорад. Унсурҳои ғизои солим бошад, танҳо дар таркиби шири модар вуҷуд доранд. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ вазъи саломатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо, бахусус бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба яке аз масоили ҳалталаби соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Мутаассифона, баъзе модарони мо бо баҳонаҳои гуногун аз синамаконии кӯдаконашон худдорӣ намуда, онҳоро бо шири сунъӣ калон мекунанд.

Таҳлилҳои мутахассисон нишон додаанд, ки барои таъмини кӯдак то 6-моҳагӣ бо маводҳои омехтаи ғизоӣ, барои дастрас намудани ғизоҳои сунъӣ маблағҳои калон лозим аст. Барои як кӯдак аз таваллуд то синни 6-моҳагӣ 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст. Агар ҳар қуттӣ 70 сомониро ташкил диҳад, пас дар шаш моҳ 4000 сомонӣ лозим мешавад. Ҳамчунин, кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда нисбатан осебпазиранд ва то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Хатари гирифтории бемории сироятӣ дар кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, нисбат ба кӯдаконе, ки аз шири модар ғизо мегиранд, 15 маротиба зиёдтар аст. Хоса, агар кӯдакон бо пистонак ва шишача ғизои сунъӣ гиранд, хатари беморшавӣ зиёд мешавад. Чунин кӯдакон аксаран мубталои камхунӣ низ мегарданд.

Мутахассисон собит сохтаанд, ки ғизоҳои сунъӣ маводи зиддисироятӣ надоранд ва дар таркиби онҳо витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва сафедаҳое, ки барои инкишофи мағзи сари кӯдак лозиманд вуҷуд надоранд. Ин аст, ки мутахассисон бо шири сина ғизо додани кӯдаконро муҳим шуморида, аз ҳама лиҳоз бартарият доштани шири модарро бо мисолҳои возеҳ собит месозанд. Онҳо ғизои иловагиро барои кӯдакон танҳо баъди 6-моҳагӣ тавсия дода, таъкид менамоянд, ки модар дар давоми 30 дақиқаи баъди таваллуд бояд ба кӯдаки худ сина маконад. Ба тифл аз рӯи талаботаш дар давоми як шабонарӯз аз 8 то 12 маротиба сина макондан лозим. Баъдан бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад ва кӯдаки ширмак пайваста онро истеъмол намояд. Мутахассисон ҳатто ба модароне, ки худ бемор ҳастанд, қатъ кардани синамакониро тавсия намедиҳанд.

“Ғизои асосии кӯдаки навзод ин шири модар аст ва кӯдак танҳо тавассути ғизои дурусту солим неру мегирад, ташаккул меёбад ва ҳамчун шахсият ба камол мерасад. Синамаконӣ барои солимии модарон низ муфид аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки синамаконӣ модаронро аз хавфи гирифторшавӣ ба саратони сина муҳофизат менамояд. Исбот шудааст, ки агар модарон ба таври зарурӣ ба кӯдакон шири сина бидиҳанд, 20 ҳазор марги бо сабаби бемории саратони сина пешгирӣ карда мешавад. Ҳамчунин, он сатҳи камбизоатиро коҳиш медиҳад”, – мегӯяд Дилшода Қаюмова, сармутахассиси Раёсати хизматраонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Идомаи суҳбати Дилшода Қаюмова, сармутахассиси Раёсати хизматраонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамкорамон Нигинаи Давронзод, пагоҳ – 03.08.2021, соати 15610 ва такрори онро соати 03:10 – и шабона тариқи барномаи таҳлилии “Ҳамсадо” аз мавҷи радиои “Садои Душанбе” шунавед.

Модарони азиз, ба кӯдакон ҳарчи бештар сина маконед, то солимии ҷомеаро таъмин кунед! Зеро синамакконӣ барои саломатӣ ва некӯаҳволии якумрӣ замина фароҳам меорад!

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE