Файзобод: пешгирӣ аз тағийрёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист

Табиист, ки бо таъсири инсоният дар охири қарни гузашта ва даҳаҳои аввали асри ҷадид табиат низоми фаъолияти худро дигаргун намуда, якбора тағийр ёфт. Инак ин дигаргуниро мо ба чашми худ шоҳид менамоем. Гармои шадиди фасли тобистон, ки дар бархе аз мамолики ҷаҳон то ба 50-60 дараҷа расиду дар баъзе кишварҳо то 6-8 дараҷа хунукиро ба ҷой гузошт, далели радношавандаи он аст.

Боис ба зикри хос аст, ки ин дигаргуниҳо ба муҳити зисти кишвари мо низ бетаъсир намемонад. Дар пайи пешгири аз ҳама гуна таҳаввулоти табиӣ ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ниҳоду бахшҳои мартубаи кишвар, чораҳои саривақти амалӣ гардида, як қатор иқдомҳо руйи даст гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар ноҳия Файзобод масъулини бахши ҳифзи муҳити зист сарсабузу хуррамгардонӣ, тоза намудани партовҳои ба табиат зарароварро асоси табиати сабз медонанд.

Ҷамшед Қаҳҳоров, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, мегӯяд, агар шинонидани гулу буттаҳо ва тоза намудани муҳити зист аз партовҳои газию ашёҳои пластикӣ, самти асосии масъулин унвон шавад, таваҷҷуҳ ба олами набототу ҳайвонот бахши дигари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ ба хотири муҳайё намудани минтақаи муайян барои зисти паррандагону ҳайвоноти нодир ва ҳифзи онҳо як қатор тадбирҳо руйи даст гирифта шуд, ки ин боис ба афзоиши алами набототу ҳайвонот дар ҳудуди ноҳия гардид, гуфт ҳамсуҳбатамон аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Файзобод Ҷамшед Қаҳҳоров.

Мавриди зикр аст, ки барои  ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Файзобод масъулин тасмим гирифтаанд, ки майдони боғу гулгаштҳоро зиёд намуда, марҳила ба марҳила ба истифодаи   энергияи аз лиҳози экологӣ безарар гузаранд. Ин амал боис ба он мегардад, ки ҳам сокинон дар муҳити безарар ба сар баранд ва ҳам табиат аз ҳама гуна хатару тағийрёбӣ эмин нигаҳ дошта шавад.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE