Василаи даромадноки иқтисодӣ
Тоҷикистон сарзамини маҳбуб ва ҷолиби диққати дўстдорони сайру саёҳати ҷаҳониён гашта, бо симои давлати амну осоишта дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардид ва дар раддабандиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намуда истодааст. Тоҷикистон тибқи раддабандӣ дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шуда, шабакаи иҷтимоии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додаанд Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии сайёҳӣ аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали давлатҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.
Кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дастгирӣ ёфт ва соли 2007 дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ гашт. Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори алоҳидаи ваколатдори соҳаи сайёҳӣ – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ барои сарзамини сайёҳӣ гаштани Тоҷикистон заминаи хубе ба вуҷуд овард. Дар соли аввали фаъолияти Кумита Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Стратегияи рушди сайёҳӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии рушди соҳа ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии мамлакатро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, ба сифати унсури ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ нақши муассир дорад.
Илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияти худ аз андоз аз фоид озод гардида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Ин чораҳои ҳавасмандгардонӣ сабаби бунёди инфрасохтори зарурӣ дар тамоми минтқаҳо гардиданд. Дар ҳошияи сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳон мавриди истифода қарор мегиранд.
Бо мақсади вусъат бахшидани иқдомҳои пешин, амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, рушд додани соҳаи сайёҳӣ ва инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил ёфтанд. Инчунин, барои рақобатпазир шудани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, мутахассисони забондон ва донандаи фарҳангу таърих, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳа бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис ёфт.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз гардид. Илова бар ин, бо мақсади содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, низоми раводиди бисёркаратаи сесола ҷорӣ шуд.
Соли 2019 аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021» интихоб гардид. Мавриди зикр аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи олам эътироф ва пайравӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла, иқдоми «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифии 177 кишвар якдилона қабул гардид.
Инчунин, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ низ дастгирӣ ёфта, дар Анҷумани 23-юми Ассамблеяи генералии СУС дар шаҳри Санкт – Петербург соли 2020 “Соли рушди сайёҳии деҳот” эълон карда шуд.
Имрӯзҳо Тоҷикистон на фақат давлати мусоид барои сайёҳон, балки барои сармоягузорон низ мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва ташкилоти гуногун барои сармоягузорӣ ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, айни ҳол татбиқи якчанд лоиҳаҳои хурду бузург шурӯъ шудааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» оғоз гардидаанд, ки барои рушди самтҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Яке аз иқдомҳои беназири Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, посдорӣ ва ҳифзи таърихи бою ғании миллати тоҷик ва муаррифии он ба ҷаҳониён таҷлили 5500 – солагии Саразми бостонӣ мебошад. Шаҳри таърихии Саразм яке аз ёдгориҳои нодири аҳди бостон буда, ба мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст. Чуноне Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ дар ҷашнвораи 5500-солагии Саразми бостонӣ таъкид намуданд: «Роҳбарону масъулони шаҳр бояд якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи рушди сайёҳӣ доир ба истифодаи самараноки Саразм ҳамчун ёдгории камназири таърихӣ ва дигар мавзеъҳои нодир бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ташкили инфрасохтори муосир, инчунин, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои омода кардани кадрҳо барои қабул ва хизматрасонии сайёҳон чораҷӯӣ намоянд. Хотирнишон менамоям, ки дар сурати дурусту ҳадафнок ба роҳ мондани корҳо дар ин самт шаҳри Панҷакент ва ёдгориҳои нодири онро ба шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон табдил додан мумкин аст.»
Баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар мамлакат, ташрифи сарони давлатҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бори дигар аз эътирофи сартосарии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дарак медиҳад. Беҳуда нест, ки роҳбари вақти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Толиб Рифоӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон ба имконоти сайёҳии давлати мо баҳои баланд дода, Тоҷикистонро «биҳишти кашфношуда» номида буд.
Ин ҳама пешравиҳо ва эътирофҳо бо туфайли истиқлол ва сулҳу ваҳдат мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати озоду обод ва макони мусоид барои рушди сайёҳӣ боз ҳам ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамояд.
Хуршед БАРИЕВ,
“Садои Душанбе”