Ба Тоҷикистон ваксинаи «Спутник V» ворид гардид

Дар доираи ҳамкории дуҷониба байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 13 август, ба Тоҷикистон 50 ҳазор маҷмӯъ барои 50 ҳазор нафар ваксинаи «Спутник V»-и Русия ворид гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Дар расми қабули ваксинаҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовинони Вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, намояндаи ваколатдори Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, дар асоси рӯйхати тартибдодашуда ба шаҳрвандон гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия фаро гирифтани шаҳрвандон ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии коронавирус бомаром идома дорад.

    
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинон бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи  зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.

Маъракаи ваксинатсия бар зидди COVID-19 тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои дӯсту бародар ба ҷумҳурӣ 4 миллион воя аз навъи ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак» ва «Модерна» ворид гардидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE