Шумори қурбониёни коронавирус дар ИМА беш аз 200 ҳазор нафар шуд
Дар ИМА беш аз 200 ҳазор ҳолати марг бар асари COVID-19 сабт шуд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс хабар дод.
Бино ба маълумоти охирин, шумори мубталоёни коронавирус дар ИМА беш аз 6,89 миллион ва шумори қурбониёни вирус 200 ҳазору 724 нафар аст.
ИМА бо ин омор (статистика) дар ҷаҳон аз рӯи мубталошавӣ ба COVID-19 ва марг бар асари он аввалин кишвар мебошад. Бразилия ва Ҳиндустон баъди ИМА қарор доранд. То ба имрӯз дар Бразилия 137 ҳазор нафар ва дар Ҳиндустон 88,9 ҳазор нафар қурбони коронавирус шудаанд.