Боздошти корманди суд: Бар ивази маблағ автомашинаро тасарруф кард

Агентии зидди коррупсия дар Тоҷикистон аз боздошти котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ, боздоштшуда Музаффарзода Миҷгона Умар дар вазифаи котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе кор карда истода, даст ба порагирӣ задааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи декабри соли 2019 аз шаҳрванд Солеҳзода М.Д. барои мусоидат кардан дар таъин гардидани ӯ ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ аз охирин маблағи 5000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 2500 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб намуд.

“Минбаъд Музаффарзода М.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 15 январи соли 2020 аз Солеҳзода М.Д. ба ҷойи маблағи боқимондаи талабнамудааш як автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” соли бароришаш 2001-ро бо роҳи қаллобӣ гирифта тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонид”,-афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, айни ҳол нисбати Музаффарзода М.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE