Душанбе: Даври шаҳрии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст шуд
27 октябр дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибоне, ки аз рӯйи ҳафт номинатсия дар ин озмун иштирок намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмун, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ибрози сухани ифтитоҳӣ зикр дошт, ки ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омўзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имконияти илм дар амал маҳсуб ёфта, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, дар доираи амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бори аввал роҳандозӣ мегардад.
Мавсуф гуфт, «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои амри мазкур тамоми чораҳоро амалӣ намуда, дар ин самт пеш аз ҳама, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 майи соли 2021 «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расонида шуд, ки қарори мазкур масъалаи ташкили даври шаҳрии озмун ва ҳавасмандгардонии ғолибони онро аз рӯйи бахшҳои алоҳида бо пешбинӣ намудани мукофотпулиҳо муқаррар намуд».
Дар охир ба ифтихори ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз ҷониби наврасони соҳибистеъдод барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”