Душанбе: Нахустин Фестивали байналмилалии маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он 27 нафар омӯзгорону мурраббиён аз кишварҳои узви ИДМ ширкат намуданд. Аз ин шумора, 9  нафарашон омӯзгорони тоҷиканд.

Ин фестивал дар доираи Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ зери унвони «Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- манбаи стратегии рушди устувор», ки дирӯз баргузор гардида буд, доир шуд. Дар ҷараёни он кормандони соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ корҳои амалии худро ба намоиш гузошта, маҳорату малакаи худро ба якдигар нишон доданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомозода, Фестивали мазкурро ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, омӯзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Мавсуф вобаста ба нақши омӯзгор дар ҷомеа ибрози назар намуд.

Баъд аз маросими ифтитоҳӣ иштирокдорон аз рӯйи номинатсияҳои «Муаллим», «Мураббӣ» ва «Равоншиносӣ» аз таҷрибаи худ ба дигарон маърӯза ва намоишнома дар шакли слайд пешниҳод намуданд.

Ғарибшо Ғарибшоев, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ гуфт, баргузории чунин фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ муҳим ва саривақтист, зеро дар замони муосир раванди таълиму тарбия  пайваста дар ҳоли тараққӣ қарор дорад. “Баргузории чунин чорабиниҳо имконият медиҳад, ки омӯзгорон аз таҷрибаи якдигар омӯзанд”,-гуфт мавсуф.

Дар фарҷоми Фестивал ба иштирокчиён диплому сертификат тақдим гардид.

Мирсаид САТТОРИЁН,

Тоҷиддин САТТОРЗОДА

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE