Омодагии шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе ба зимистонгузаронӣ

Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо ҶСК ”Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” иборат аз 25 чорабиниҳоро барои тайёрӣ ба мавсим қабул кардаанд.    То ба ин рӯз  18 банди нақша-чорабинӣ пурра ва 7-тои он қисман иҷро гардида, корҳо дар расмт тибки нақша идома дорад. Дар умум корхои анчомгирифта то ба  имрӯз 87,8 %-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора  Миралӣ Қаландаров- Сардори хадамоти техникии  Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе  дар суҳбат бо мухбири шабакаи Садои Душанбе Тоҷиддин Сатторов иброз дошт.

Ба маълумоти Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе нақша оид ба зимистонгузарони   бо назардошти вазъияти молиявии корхона тартиб дода шудааст ва бояд ба назар гирифт, ки тибқи чорабиниҳои тартибдодашуда камбудӣ ва он нуқсонҳое, ки дар таҷҳизотҳои барқӣ аз солҳои пешин зам гардидаанд, пурра бартараф карда намешавад. Маблағи умумии накша чорабиниҳо 34 млн. 966 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 4 млн  803 ҳазор сомонӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, 29 млн 980 ҳазор сомонӣ барои харидори намудани маблағ ва 182 ҳазор сомонӣ барои корҳои лоиҳабандӣ пешбинӣ мешавад.  Гуфт дар идома Сардори хадамоти техникии Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо мухбири шабака.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки чорабиниҳои банақшагирифташудаи филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 нисбат ба солҳои гузашта аз рӯи хачми маблаггузори  кам буда, корхо бошад ҳаҷман калонтар мебошанд. Илова намуд дар идома Миралӣ Қаландаров намояндаи филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” -и шаҳри Душанбе.

Ба маълумоти масъулини филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе барои рафъи садамохои техники дар давраи тирамоху зимистони имсола дар самти хизматрасониҳои техники иловатан 4 адад нақлиёти сабукрав барои дастаҳои саёри фаврӣ харидори ва бо воситаҳои корӣ таъмин карда шудаанд.Дар самти тадбиқи низоми биллингӣ ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ дар ноҳияи Сино то ба имрӯз зиёда аз 14980 адад ҳисобкунакҳои барқӣ ба ҷойи ҳисобкунакҳои мавҷуда иваз карда шудаанд.  Бо ин мақсад, айни замон аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” озмунҳои тендерӣ ҷиҳати харидорӣ намудани маводу таҷҳизотҳои лозима барои дидани тайёрии филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе ба мавсими зимистонгузаронӣ рохандози шудааст.

Тоҷиддин Сатторов 

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE