Душанбе: Даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасон»-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар он 280 нафар довталабон аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номина иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба дониши онҳо баҳо мегузоранд.
Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмун довталабон аз ноҳияҳои пойтахт аз рӯи номинаҳои «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» ва номинаи «шоирӣ» миёни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ менамоянд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати комиссияи озмун, барои ҳавасманд намудани иштирокчиён 111 ҷоиза бо маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 90 ҷоиза тибқи номинаҳо барои ғолибони озмун, 20 ҷоиза барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва 1 Шоҳҷоиза тасдиқ карда шудааст.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур- баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар мебошад.