Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони то 15-сола

Аз 17 то 24 ноябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола доир мешавад. Дар он чор даста барои ба даст овардани унвони чемпионӣ талош менамоянд.

Дар Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон (U-15) дар баробари дастаи мунтахаби наврасони   Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат менамоянд. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Зайниддин Раҳимов омода мекунад.

Дар доираи чемпионат 6 бозӣ анҷом дода мешавад. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки мухлисон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор  мегарданд.

Тибқи низомнома, Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон мутобиқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE