Санаҳои баргузории даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз рӯи нақшаи баргузории даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар маркази ВМКБ, вилояти Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласа доир гардид. Аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода макони баргузории шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва санаи он муайян гардид.

Муайян карда шуд, ки озмуни мазкур аз 5 то 10 октябр дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, аз 12 то 15 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз 21 то 25 октябр дар шаҳри Душанбе ва аз 21 то 25 октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор) баргузор мегардад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода даъват ба амал овард, ки дар ин даври озмун беҳтарин оҳангсозон, сарояндагон ва навозандагон интихоб карда шаванд.

Ҳамчунин дар ҷаласа ҷараёни корҳои омодагӣ ба баргузории даври дуюми озмуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни ҷаласа замон ва макони баргузории озмунро интихоб намуданд. Аъзои ҳакамон вазифадор гардиданд, ки барои интихоби беҳтарин иштирокчии озмун саъю талош намоянд.

Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, намояндагони  Кумитаи телевизион ва радио, ректорон ва роҳбарони муассисаҳои ҳунарӣ, аъзои ҳакамони озмун, коргардонҳо ва гурӯҳи кории озмун иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

 

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст, «масъулини баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд.

Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила барои баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷӯӣ мекунанд».

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  2 140 000   (ду миллиону яксаду чил ҳазор)  сомониро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE