Ифтитоҳи бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1200 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин толори хурди маҷлисӣ ҷойгир мебошад.

Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст, утоқи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино, Пешвои муаззами миллат ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизб сохта шуда, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Пешвои муаззами миллат зимни суҳбат бо кормандон ва роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав таъкид доштанд, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, дар рушд ва пешрафти кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳиссагузор бошанд.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, дар ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор хоҳанд буд.

Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE