КМТ: Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд

Имрӯз – 2 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардида, то 15 декабр идома меёбад.

«Озмун аз рӯйи панҷ номина- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ,  адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон,  эҷоди назму наср доир шуда, барои баргузории он 4 толори бузургу барҳаво омда карда шудаанд»,- гуфт Гадобег Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи мавсуф, ҳар номина бо адабиёти зарурӣ таъмин мебошад ва иштирокчиёни озмунро роҳбаладони махсус  роҳнамоӣ мекунанд. Ҷараёни баргузории озмун дар толорҳои алоҳида тавассути мониторҳои бузург  пурра ва мустақим намоиш дода мешавад.

Тибқи ҷадвали баргузории озмун, 2-5 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба номинаҳои озмунӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳамзамон озмун барои довталабони номинаи назму наср 11-12 декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза 13 декабр доир мегардад.

Тибқи иттилои  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталабон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд. Дар даври якум, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилот баргузор гардид, 305 495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23 045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намуданд. Имсол барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад, ки нисбат ба  солҳои якум ва дуюм се маротиба зиёд мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE