Олаф Шолтс Канслери нави Олмон интихоб шуд

Сотсиал-демократ Олаф Шолтс ҳамчун конслери нави Ҷумҳурии Федеративии Олмон савганд ёд кард, – иттилоъ медиҳад Шабакаи N24.

«Савганд ёд мекунам, ки тамоми неруи худро ба некӯаҳволии мардуми Олмон бахшида, сарвати онро дучанд мекунам, онро аз зарар дидан муҳофизат менамоям, риояи қонун ва ҳифзи Қонуни асосӣ ва қонунҳои федератсияро амалӣ мекунам, ваъда медиҳам, ки масъулияти худро иҷро карда, адолатро нисбат ба ҳар нафар риоя мекунам»,-гуфт роҳбари нави Ҳукумат.

Формулаи тибқи Конститутсия навишташуда бо ибораи «Худованд ба ман кумакрасон бошад» ба итмом мерасад, ки сиёсатмадорон метавонанд бо салоҳдиди худ аз он истифода баранд.  Шолтс худро инсони ғайри дин шуморида, ин ибораро зикр накард. Ӯ дувумин канслер баъди Герхард Шредер шуд, ки ин гуна муносибат намуд. Сотсиал-демократ қаблан оммаро огоҳ карда буд, ки ин тарафи матнро зикр нахоҳад намуд.

Қаблан, тибқи қонун парламенти олмонӣ номзадии Шолтси 63-соларо ҷонибдорӣ намуд. Ба тарафдории ӯ 395 нафар аз 707 вакили ҳузурдошта овоз доданд. Роҳбари Ҳукумати Олмон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, бе ягон мубоҳиса интихоб карда мешавад. Шолтс тибқи ҳисоб канслери 9-уми Олмон гардида, дар ин мақом Ангела Меркелро, ки ҳокимиятро 16 сол идора мекард, иваз намуд.

Пас аз интихоб президент Франк-Валтер Штайнмайер сотсиал-демократро ба мансаб таъйин намуд. Маросим дар қароргоҳи роҳбари кишвар доир гардид. Баъдан Шолтс ба парламент бозгашт. Интихобот дар бундестаг 26 сентябр доир гашта буд. Ҳизби сотсиал-демократи Олмон мақоми аввалро касб намуда, демократиҳои масеҳиро якҷо намуд, ки онҳо дар сиёсати Олмон аз соли 2005 бартарӣ доштанд. Охирҳои ноябр роҳбари сотсиал-демократҳо эълон дошт, ки иттиҳоди ҳукмрон ташкил гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE