ВКД: Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд, – иттилоъ доданд аз ВКД.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ноболиғ 12 ҳазору 500-дона маводи тарфгарии «Трения Х201» дарёфт ва гирифта шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи-1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE