Камбағалтарин президент кист?

Президенти Уругвай (давлат дар Амрикои Ҷанубӣ) Хосе Мухика дар оғилхона якҷо бо ҳамсар ва сагонаш зиндагӣ мекунад. Қариб тамоми маошашро иборат аз 12 000 доллар дар як сол садақа мекунад. Маоши вай баробар ба маоши миёнаи як сокини кишвар 775 доллар дар як моҳ аст.

Дар назди хонаи ӯ дар ҳудуди фермаи говпарварӣ либосҳо барои хушк шудан овезонанд. Президент аз чоҳ об кашида бо сатилҳо ба хона меорад. Хонаро ҳамагӣ ду корманди пулис ва як саги маслуқи сепо бо номи Мануэла нигаҳбонӣ мекунанд.

Президент Мухика намехоҳад дар қароргоҳи расмии президенти мамлакат дар пойтахти кишвар Монтевидео истиқомат кунад. Вай зиндагиро дар фермаи бобоиаш интихоб кардааст, ки роҳи сангфарш дорад. Президент якҷо бо ҳамсараш гул корида мефурӯшанд ва ризқ дармеёбанд. Коргарони кироӣ надоранд.

Ҳангоми расмикунонии давлатии амвол маълум шуд, ки дороии президент иборат аз як мошини «фолтксваген-жук, барориши соли 1987, нархаш 1800 доллар будааст. Дороии занаш бошад қитъаи замин, якчанд трактор ва хона будааст, ки ҳамааш 215 ҳазор доллар нарх доштаанд.

Хосе Мухика дар ҷавонӣ дар муборизаҳо барои истиқлолияти кишвараш иштирок карда 6 маротиб захм бардошта 14 соли умрашро дар зиндонҳо гузаронидааст. Қариб даҳ соли ин муддати маҳбусиашро дар камераҳои танҳо сипарӣ кардааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE