Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд

28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд. Инчунин, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангиву гуманитарро баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE