Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегарданд

24 июл, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта мешаванд.

Инчунин дар доираи рӯзҳо иштирокчиён бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос мешаванд.

Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии ду давлат доир карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE