ВКД Қазоқистон: Беш аз 3 ҳазор нафар боздошт ва 26 нафар ҷинояткор маҳв гардид

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон шумораи боздоштшудагонро дар бетартибиҳо номбар кард. Тибқи иттилои ин ниҳод, беш аз 3 ҳазор нафар боздошт ва 26 нафар ҷинояткорон маҳв гардида, 18 нафар маҷрӯҳ карда шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Хабар 24» гузориш дод.

Тибқи иттилоъ, ҳоло тамоми биноҳои ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ таҳти назорат гирифта шудаанд.

Қаблан, хабар  расида буд, ки дар пайи тазоҳурот дар Қазоқистон 18 нафар кормандони мақомоти қудратӣ кушта ва 748 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҷасади ду нафар кормандони мақомоти қудратии кушташударо сар аз тан ҷудо пайдо кардаанд. Мавҷудияти захмҳо дар ҷасадҳо далели террористӣ ва экстремистӣ будани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар задухӯрдҳои кӯчагӣ дар Алмаато ширкат доштанд, арзёбӣ гардид.

2 январ дар шаҳрҳои Қазоқистон ба далели боло рафтани қимати газ барои мошинҳо аз 60 то 120 танга эътирозҳо оғоз шуданд. Баъдан онҳо бо талаби рафтани президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз сиёсат, баргузории интихоботи нав ва ба истеъфо фиристодани парлумон ба бетартибиҳо даст заданд. Дар собиқ пойтахти Қазоқистон — шаҳри Алмаато задухӯрдҳои шадид ба миён омаданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE