РВК Душанбе: Соли 2022 «Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шуд

Бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 дар мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин тасмим 6 январ зимни машварати фаврӣ-хизматии мақомоти милитсияи пойтахт оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти милитсияи шаҳри Душанбе дар соли 2021 гирифта шуд.

Бо назардошти дар давраи соли 2021 дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар рух додани 242 садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷа 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд (гарчанде омори мазкур нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар камтарин нишондиҳандаи садаманокӣ маҳсуб меёбад), дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз садаманокӣ роҳу усулҳои навӣ корбарӣ дар соли 2022 таҳия ва амалӣ карда мешавад.

Бо назардошти вазъи мазкур ва Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эълон гардидани соли 2022 дар мақомоти милитсияи пойтахт Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намуда, сабабгори садаманокӣ ва марги дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ нагарданд. Зеро риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ҳама, сарфи назар аз вазифаву мансаб ва ниҳод ҳатмӣ буда, кафолати рӯзгори хушу саломатии бардавом ва бесаробон намондани оилаву фарзандон мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE