Атоев гуфт кай масъалаи интернети Бадахшон роҳи ҳалли худро меёбад

То ба имрӯз аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 8 миллион адад симкортҳои мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора, беш аз 5 миллиони он бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014, аз қайд гузаронида шудаанд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти хабарии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.

Дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа муовинони сардори Хадамот, кормандони ин ниҳод ва намояндагони ВАО ширкат доштанд. Нахуст, Адолат Абдураҳмонзода, муовини сардори Хадамоти алоқа оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи дуюми соли гузашта ҳисобот дод. Сипас, аз ҷониби гурӯҳи рӯзноманигорон суолу ҷавоб дар атрофи фаъолияти ин ниҳоди муҳим ҷараён гирифт.

Бояд гуфт, ки марҳиллаи азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ то санаи 15-уми феврал идома меёбад. Шаҳрвандони мамлакат метавонанд симкортҳои худро, ки бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гузошта буданд, аз нав, бо намунаи шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, ба қайд гиранд. Ба иттилои Илҳоҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа, то имрӯз беш 2 миллион адад симкортҳои мобилӣ аз ин қайд нагузаштаанд.

Дар раванди нишасти мазкур масъалаи ду моҳ боз дар ВМКБ фаъол набудани хатти интернет матраҳ шуд. Илҳомҷон Аттоев гуфт, бо супориши раиси Ҳукумати мамлакат дар муддати ду моҳи оянда тамоми камбудиҳои ин қаламрав, ки дар ин самт ҷой доранду то ба ҳол роҳи ҳалли худро пайдо накардаанд, бартараф карда мешаванд. Ба таъкиди ӯ, азнавбақайдгирии симкортҳо ба манфиати мардум буда, ба ин васила метавон даҳҳо адад симкортҳоро аз номи нафароне, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ онҳоро ба даст овардаанд, бекор намоянд.

Комрони АБДУВАЛӢ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE