«Сомон Эйр» минбаъд дар масири Душанбе-Истанбул –Душанбе дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад
Шурӯъ аз 5 июн ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Истанбул дар як ҳафта се маротиба: рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:10 ва нишаст дар фурудгоҳи Истанбул 09:35 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар самти баргашт парвоз аз Истанбул соати 10:45 сурат гирифта, дар Душанбе ҳавопаймои ширкат соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ менишинад.
Мутобиқи талаботи мавҷуда, муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди Туркия мешаванд, бояд на кам аз 150 рӯз бошад. Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло), аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе сафаркунанда пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.