Садио Мане мубталои каронавирус шуд
Ҳамлагари сенегалии бошгоҳи “Ливерпул” Садио Мане мубталои бемории коронавирус шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи англисӣ хабар додааст. Футболбоз тибқи тавсияҳои зарурӣ ба бознишинӣ дар хона фиристода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар организми Мане нишонаҳои ками сирояти ин беморӣ пайдо шудааст, аммо дар маҷмӯъ вазъи саломатии бозигари сенегалӣ хуб аст.
Ёдовар мешавам, ки қабл аз Мане бозигари дигари даста Тиаго Алкантара низ аз ин беморӣ сироят ёфта буд ва ҳарду тамоми талаботту тавсияҳо барои табобати COVID-19-ро риоя мекунанд.
varzishtv.tj