Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 ноябр дар тамоми дунё Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил мегардад,ки он ба некӯаҳволии кӯдакон дар саросари ҷаҳон равона шудааст. Дар робита ба ин имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”- и шаҳри Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар кори он Дилрабо Мансурӣ- муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок ва суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид. Имсол аз тасвиби ин Конвенсия 31 сол сипарӣ гардид. Ба таъкиди аксар масулин ва шарикони рушд, имрӯз дар Тоҷикистон барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Зимнан ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда шудааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе