Нуриддин Саид оид ба саннаи ифтитоҳи шабакаи нави телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гуфт

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабариаш гуфт, шабакаи нави телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар остонаи ҷашни Наврӯз ба кор мепардозад.

Ба таъкиди мавсуф, айни замон таъмиру азнавсозӣ дар бинои телевизиони навтаъсис идома дорад. Ин шабакаи нави телевизионӣ дар бинои собиқи Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, ки аз 3 ошёна иборат буда, дорои беш аз 40 утоқи корӣ аст.

Дар утоқҳои корӣ ва толору студияҳои бинои Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои таъмиру навсозӣ бомаром ҷараён дорад. Айни ҳол роҳравҳо ва деворҳои утоқҳои корӣ таъмир гардида, утоқҳои корӣ бо шабакаи барқ пайваст ва чароғон гардиданд. Айни ҳол қисме аз мизу курсиҳои корӣ ва компютерҳо харидорӣ гардида, дигар техника ва таҷҳизоти касбӣ дархост шудаанд. Ин дастгоҳҳо аз хориҷи мамлкат дастрас шуда, то муҳлати муқарраргардида насб карда мешаванд.

Мавриди ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қарор қабул намуд, ки тибқи он Оиннома ва сохтори муассисаи мазкур тасдиқ карда шуда, дар шабакаи нав 143 воҳиди корӣ бо назардошти ҳайати хизматрасони техникӣ  муайян шудааст. Дар Оинномаи тасдиқшудаи муассисаи навтаъсиси «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» омадааст, ки шабакаи мазкур бо забонҳои давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ барнома пахш мекунад.

Ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо, вусъат пайдо намудани муборизаҳои геопалитикӣ аз олимону муҳаққиқон ва зиёиён тақозо менамояд, ки барои устувор нигоҳ доштани асолати миллии худ аз василаҳои гуногун истифода намоянд. Аз ин лиҳоз, мақсад аз ташкили телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабару гузоришҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташкил намудани барномаҳои телевизионӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба ҳунарҳои мардумӣ, бедор кардани шавқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зурурии моддию техникӣ,  баланд бардоштани рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ, тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ, фарҳанг, инчунин усулҳои татбиқи онҳо дар асоси такмили фаъолияти касбӣ ва хоҷагидорӣ ва дигар самтҳои бахшҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дар робита ба ин, Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» метавонад бо ҷалби мутахассисони мақомоти ваколатдори давлатӣ, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҷавон ва варзиш ва мутахассисони дигар вазорату идораҳо барномаҳои телевизионӣ дар бораи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳия намуда, тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсол, фурӯш ва паҳн намудани филмҳои фармоишӣ ва реклама вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғул шавад.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз ин ҳама ташаббусҳо дарёфти чеҳраҳои нави ҳунармандон, эҳёи касбҳои азбайнрафтаистода ва рушд бахшидани кори онҳо мебошад. Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Имрӯз тамоми ҷомеа дарк намудаанд, ки танҳо ҳунар ва донишу малака метавонад дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва унсурҳои халқӣ таъсиргузор бошад. Аз ин рӯ ба гуфтаи муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  Умед Шарифзода телевизиони мазкур, бо иштироки зиёиёну сиёсатмадарон, ҷомеашиносу файласуфон, олимону муҳаққиқон ва ҳунармандону соҳибкорон барномаҳои телевизиони таҳия намуда, дар бунёду навсозии мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ки бозгӯи маданияти тоҷикон аст, саҳмгузор мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки маҳз дар заминаи кӯшишу иқдомҳои Ҳукумати мамлкат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли соҳибистиқлолиамон ҷаҳониён моро ба некӣ шинохтанд ва донистанд, ки тоҷикон соҳибтаъриху соҳибтамаддун буда, дар кишвари ободу биҳиштосо умр ба сар мебаранд. Манзараҳои зебо ва дилкаши Тоҷикистон, расму оин ва хислати меҳмондӯстиамон таваҷҷуҳи хориҷиёнро ҷалб менамояд. Ҳамин аст, ки марҳила ба марҳила баробари ободу зебо гардидани ватанамон ташрифи сайёҳон меафзояд. Дар воқеъ, бо таъсис гардидани Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ин соҳаҳои муҳимму таърихии халқи тоҷик дар замони муосир ба таври васеъ рушд намуда, ба таъмини аҳоли бо ҷойи кор ва сатҳи некуаҳволии сокинон замина мегузорад.

Боиси қайд аст, ки корҳои созандагиву ободонии бинои телевизиони мазкур зери назорати бевоситаи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид қарор дошта, ҷиҳати сари вақт ва босифати баланд иҷро гардидани таъмиру тармим аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE