Иштироки ҳунармандони тоҷик дар «Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу» дар Истанбул
7-9 апрел бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва Сафорати Туркия дар Душанбе ҳунармандони тоҷик таҳти роҳбарии директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода дар фестивали «Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу» иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
8 апрел Сафири Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов дар намоиши «Бунбаст»-и драманависи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу, ки бо таҳияи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбон Собир дар иҷрои ҳунармандони театри давлатӣ ба номи А. Лоҳутӣ дар Маркази фарҳангии Туркан Сайлон, воқеъ дар шаҳри Истанбули Туркия рӯи саҳна омад, иштирок намуд.
Баъд аз намоиш Сафир иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи нақша, давоми соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳангии ду кишвар бояд баргузор гарданд. Аз фурсат истифода бурда, А. Гулов театрҳои туркиро барои ташриф овардан ба кишвар бо сафари ҷавобии ҳунарӣ даъват кард.